Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико аз парвандаи кормандони NGO дар Миср нигарон аст


Вашингтон мегӯяд, аз гузоришҳо дар ин бора, ки Миср мехоҳад ба парвандаи ҷиноии бештар аз 40 корманди ширкатҳои ғайридавлатии Амрико расидагӣ кунад, “амиқан нигарон” аст. Виктория Нуланд-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико гуфт, мақомоти расмии Амрико мехоҳанд аз ҳамкорони мисрии худ дар ин бора тавзеҳот бигиранд. Раҳбарони низомии Миср 43 нафар, аз ҷумла 19 амрикоиро муттаҳам карда буданд, ки онҳо сармояҳои хориҷиро барои таҳрик кардани нооромиҳо дар кишвар истифода мебаранд. Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико ба Миср ҳушдор дод, ки агар ин баҳсро натавонад ҳал кунад, мумкин7 аст 1,5 миллиард долларро аз даст диҳад. Муҳаммад Амр-вазири корҳои хориҷаи Миср гуфт, ҳукумат наметавонад дар корҳои додгоҳӣ мудохила кунад.
XS
SM
MD
LG