Пайвандҳои дастрасӣ

Хонум Клинтон ветои Русия ва Чинро "мазҳака" номид


Ҳилларӣ Клинтон

Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико ветои Русия ва Чин ба қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ-ро дар бораи Сурия “мазҳака” номид. Дар ин қатънома Шӯрои Амният саркӯбии эътирозгарон аз сӯи режими Сурияро маҳкум мекунад. Хонум Клинтон дар ҷараёни боздиди худ аз Булғористон гуфт, дар берун аз СММ талошҳое, ки ба мардуми Сурия кӯмак мекунад, бояд афзоиш дода шавад. Вай афзуд, Амрико бо “дӯстони Сурияи демократӣ” ҳамкорӣ хоҳад кард, то аз мухолифони раиси ҷумҳури Сурия ҳимоят кунад. Дар ҳамин ҳол шӯришиён гуфтаанд, ки барои барканории президент Башор Асад ягона роҳ дар ихтиёр доштани нируи кофист. Вале режими Башор Асад изҳор доштааст, ки аз роҳҳои низомӣ саркӯбии эътирозкунандагонро идома медиҳад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG