Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз дар Кӯлоб бориши барф пешбинӣ шудааст


Тибқи маълумоти идораи ҳавошиносӣ имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои сард боқӣ мемонад.

Дар Душанбе ҳаво абрӣ хоҳад буд, вале бориш дар назар нест. Рӯзона 8-4 дараҷа сард, шабона 16-13 дараҷа сард мешавад.

Дар Хуҷанд низ ҳаво абрист. Рӯзона 4-0 дараҷа, шабона 11-8 дараҷа сард мешавад. Бориш дар назар нест.

Дар водии Вахш ҳаво нимаабрӣ хоҳад буд. Ҳарорат рӯзона 7-3 дараҷа хунук, шабона 15-12 дараҷа хунук мешавад. Бориш пешбинӣ нашудааст.

Аммо дар минтақаи Кӯлоб рӯзона бориши барф пешбинӣ шудааст. Шабона бориш қатъ мешавад ва сардии ҳаво ба 17-13 дараҷа мерасад. Рӯзона сардии ҳаво 7-4 дараҷа хоҳад буд.

Ҳавошиносон барои Хоруғ ҳавои нимаабриву нимаофтобиро пешгӯӣ кардаанд. Рӯзона 7-3 дараҷа хунук хоҳад буд. Вале шабона сардӣ ба 20 дараҷа мерасад.
XS
SM
MD
LG