Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳорумин рӯзи даргириҳо дар Қоҳира ва Суетс


Даргирии норозиёни мисрӣ бо полис рӯзи чаҳорум аст дар Қоҳира идома дорад. Садҳо полиси зиддиошӯб кӯчаҳои атрофи Вазорати умури дохилии Мисрро бо деворҳои сементӣ бастаанд ва мӯътаризон онҳоро ҳадафи сангборон ва бомбаҳои бензинӣ қарор медиҳанд. Бетартибиҳо баъд аз хабари ҳалокати 74 нафар дар ошӯбҳои марбут ба бозии футбол дар шаҳри Порт Саид шурӯъ шуд. Тазоҳуркунандагон дар марги онҳо полис ва ҳокимони ҳарбии Мисрро гунаҳкор мекунанд. Дар чаҳор рӯзи даргириҳо дар Қоҳира ва Суетс ба камияш 12 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG