Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Митт Ромнӣ дар интихоботи ҳизбии Невада низ пирӯз гашт


Номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ Митт Ромнӣ дар интихоботи ҳизбии Невада пирӯз гашт ва имконияти худро ба ширкат дар интихоботи президентии Иёлоти Муттаҳида тақвият дод. Ҳокими собиқи аёлати Масачусетс дар ин ҷо 48 дарсад раъй гирифт, ки ду баробар аз рақиби асосияш, раиси пешни Маҷлиси намояндагон Нют Гингрич ва узви ин маҷлис Рон Пол бештар аст. Ин дувумин ғалабаи паёпаи Ромнист ва савумин пирӯзӣ дар панҷ райъдиҳии ҳизбӣ. Агар ӯ дар интихоботҳои Минесота, Колорадо ва Миссурӣ ҳам натиҷаҳои хуб ба даст орад, метавонад, дар интихоботи моҳи ноябр бо раисиҷумҳур Барак Обама вориди рақобат шавад.
XS
SM
MD
LG