Пайвандҳои дастрасӣ

Сарбози амрикоӣ посбони афғонро ба қатл расонд


Сарбози амрикоӣ дар пойгоҳе дар шимоли Афғонистон як сарбози афғонро ба зарби тир ба ҳалокат расонд. Мақомоти афғон мегӯянд, тирандозӣ натиҷаи ҳамдигарнофаҳмӣ будааст. Ба гуфтаи онҳо, ду нафар дар назди дарвозаи пойгоҳи Сарипул бо ҳам баҳс карданд ва сарбози амрикоӣ замоне тир андохт, ки фикр кард, мубоҳиси ӯ мехоҳад, ӯро бикушад. Ҳарбиёни Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, аз ҳодиса огоҳанд ва онро пажӯҳиш мекунанд. Моҷаро дар ҳоле иттифоқ афтодааст, ки куштори ҳарбиёни хориҷӣ аз тарафи афроде дар либоси артиши афғон афзоиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG