Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси "Баҳори Араб" дар конфаронси амниятии Мюнхен


Таъсири Баҳори Араб ва таҳдиди ҳамлаҳои кибернетикӣ аз масъалаҳои умдаи рӯзи ниҳоии Конфаронси амниятӣ дар Мюнхени Олмон буданд. Фаъоли яманӣ Таваккул Карман дар бораи тағйироте сӯҳбат кард, ки дар як соли охир баъд аз ошӯбҳои Тунис дар Ховари Миёна иттифоқ афтод. Карман, бунёдгузори гурӯҳи “Занони журналисти бидуни занҷир” соли 2011 барои нақшаш дар эътирозҳои зидди ҳукумати Яман барандаи Ҷоизи сулҳи Нобел шудааст. Сарвазири Тунис Ҳамади Ҷабалӣ ва вазирони умури хориҷии Мисру Туркия низ аз нотиқони конфаронс буданд. Раҳбари пешини хадамоти ҷосусии Амрико Майкл Ҳайден ва соҳибкори рус Евгений Касперски аз таҳдиди ҳамлаҳои интернетӣ сӯҳбат карданд.
XS
SM
MD
LG