Пайвандҳои дастрасӣ

Сардии ҳаво дар Аврупо ҷони 175 нафарро рабуд


Маркази бехонаҳо дар Донетски Украина

Маркази бехонаҳо дар Донетски Украина

Ҳавои шадидан сард ҳамоно бахши аъзаме аз қораи Аврупоро дар қабза дорад ва бар асари он то ҳоло ба камияш 175 нафар фавтидаанд. Дар Бритониё барфи бузург минтақаҳои марказӣ ва ғарбиро пӯшондааст. Фурудгоҳи Ҳитроуи Лондон сӣ дарсади парвозҳоро қатъ намуд. Барф ва ҳавои сард инчунин сабаби қатъи ҳаракат дар роҳҳои шимоли Итолиё шудааст. Мақомоти украин мегӯянд, ба манфии 30 дараҷа поин омадани ҳарорати ҳаво сабаби марги боз 21 нафари дигар гаштааст, ки аксари онҳо афроди бехона будаанд.
XS
SM
MD
LG