Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи норозиён ба ҳафт сафоратхонаи Сурия


Норозиёни хашмгин ба ҳафт сафоратхонаи Сурия дар кишварҳои гуногун ҳамла оварданд. Онҳо мегӯянд, бо ин роҳ аз ҳамлаи маргбори тӯпхонаи режими Башор Асад ба мардуми Ҳумс, ки сабаби ҳалокати зиёда аз 200 нафар гашт, эътироз баён кардаанд. Ба ин тартиб сафоратхонаи Сурия дар Лондон, Қоҳира, Кувайт, Либия, Тунис ва кишварҳои дигар ҳадафи ҳамла ва тазоҳуроти норозиён қарор ёфтаанд. Норозиён сафорати Сурия дар Қоҳираро оташ задаанд. Ин дар ҳолест, ки Чин ва Русия қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милал дар мавриди Сурияро, ки ба истеъфои Асад даъват мекард, вето карданд.
XS
SM
MD
LG