Пайвандҳои дастрасӣ

Обама куштори Ҳумси Сурияро шадидан маҳкум кард


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама рӯзи шанбе ҳукумати Сурия ва президенти ин кишвар Башор Асадро дар куштори шаҳрвандони худ муттаҳам кард. Вай қатли сокинони Ҳумсро як “амали ногуфтанӣ” номид ва афзуд, Асад бояд маъракаи хунин қатли мардуми хешро қатъ кунад, аз мақомаш истеъфо диҳад ва фавран гузариши демократиро дар кишвараш оғоз ниҳад. Созмони ҳуқуқи башари мустақар дар Бритониё мегӯяд, зарбаи тӯпхона дар Ҳумс, маркази тазоҳурот ва хушунатҳои қариб як соли охир 217 нафарро ба ҳалокат расонда, садҳо тани дигарро маҷрӯҳ намуд. Аммо расонаҳои давлатии Сурия саҳми давлатро дар ин рӯйдод рад карда, гуноҳро бар дӯши “гурӯҳҳои мусаллаҳи террорист” мегузоранд.
XS
SM
MD
LG