Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо ҳазор нафар дар тазоҳуроти Русия ширкат карданд


Бо вуҷуди ҳавои сард даҳҳо ҳазор нафар аз эътирозгарони зидди Кремлин рӯзи шанбе ба майдонҳо рехта, хостори барканории сарвазир Владимир Путин аз қудрат дар як моҳи то интихоботи президентӣ шуданд. Полис мегӯяд, дар тазоҳуроти “Барои интихоботи одилона” дар Маскав наздик ба 90 000 нафар ширкат кардаанд, вале сарони мухолифон гуфтанд, ин шумора мумкин аст 120 000 нафар бошад. Полис гуфтааст, дар ҳамоиши тарафдорони Путин 138 000 нафар ширкат кард, ҳарчанд дар оғоз ин шумора наздик ба 20 000 гуфта мешуд. Мавҷи раҳпаймоиҳо рӯзи шанбе аз аз Владивосток дар Шарқи Дури Русия гирифта, то Калининград дар ғарби ин кишвар фазоро такон дод. Ин савумин тазоҳурот бо эътироз аз натиҷаҳои интихоботи порлумонии соли гузаштаи Русия аст ва дар ҳоле баргузор шуд, то интихоби дигарбораи сарвазир Владимир Путин ба мақоми раёсатҷумҳурӣ дақиқан як моҳи дигар мондааст.
XS
SM
MD
LG