Пайвандҳои дастрасӣ

Оилаи Тоҷикистониҳо аз Исроил ронда мешавад


Додгоҳи олии Исроил оилаеро, ки 16 сол пеш аз Тоҷикистон ба Исроил муҳоҷир шуда, Вазорати умури дохилӣ асноди онро қалбакӣ мешуморад, аз кишвар ихроҷ мекунад. Кашокаши ин хонавода аз соли 2006 ба ин сӯ идома дошт ва мақомоти давлатии Исроил гуфтаанд, Борис ва Рима Мелиҷинҳо насронӣ буда, бо асноди тақаллубӣ дар Исроил муқим шудаанд. Аҳли оила дар навбати худ мегӯяд, онҳо яҳудиянд ва бино бар ин дар Тоҷикистон ҳадафи таъқиб қарор ёфтаанд. Додгоҳи олии Исроил қарор кард, ки аҳли ин оила дар давоми 45 рӯз Исроилро тарк кунад, дар акси ҳол ҳамчун муҳоҷири ғайриқонунӣ зиндонӣ хоҳанд шуд. Борис шаҳрвандии Русия ва ҳамсараш шаҳрвандии Тоҷикистонро дорад, аммо мӯҳлати шиносномаи онҳо кайҳо ба поён расидааст.
XS
SM
MD
LG