Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Расонаҳои давлатӣ саҳми Сурияро дар куштори Ҳумс рад карданд.


Шӯрои Амнияти Созмони Милал қарор аст, қатъномаи маҳкумияти хушунат дар Сурияро баррасӣ кунад. Созмони ҳуқуқи башари мустақар дар Бритониё мегӯяд, нерӯҳои давлати Сурия дар Ҳумс зиёда аз 200 нафарро куштаанд. Созмони Мушоҳидони ҳуқуқи башари Сурия шоми ҷумъа гуфт, зарбаи тӯпхона дар Ҳумс, маркази тазоҳурот ва хушунатҳои қариб як соли охир 217 нафарро ба ҳалокат расонда, садҳо тани дигарро маҷрӯҳ намуд. Аммо расонаҳои давлатии Сурия саҳми давлатро дар ин рӯйдод рад кардаанд.
XS
SM
MD
LG