Пайвандҳои дастрасӣ

Дар раҳпаймоиҳои Миср 4 нафар кушта шудаанд


Даргириҳо байни полис ва тазоҳуркунандагон дар пойтахти Миср бо афзоиши хашм аз ҳалокати 74 нафар дар хушунатҳои марбут ба бозии футбол рӯзи дувум аст, идома доранд. Хушунатҳои шаҳри Порт Саид, ки рӯзи чаҳоршанбе баъд аз бозии футбол сар зад, хунинтарин моҷарои футболии ҷаҳон дар 15 соли охир буд. Тазоҳуркунандагони Қоҳира полис ва раҳбарони ҳарбии кишварро муттаҳам мекунанд, ки натавонистаанд, аз ин хушунатҳо пешгирӣ кунанд. Полис зидди тазоҳуркунандагон дар муқобили бинои Вазорати умури дохилӣ аз гази ашковар ва тирҳои резинӣ истифода кард. Дар намоишҳои ҳамсони шаҳри Суетс ду нафар аз дасти полис кушта шудаанд. Вазорати тандурустии Миср мегӯяд, дар ду рӯзи нооромиҳо дар кишвар 4 нафар кушта ва зиёда 1400 тан захмӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG