Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Шумо ҷои коратонро зуд-зуд иваз мекунед?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

"Дарахт дар як ҷой месабзад" гуфтани бузургсолон зоҳиран ба зуд-зуд иваз кардани ҷойи кори сокинон дахл надорад.

Як мақоли мардумӣ ҳаст, ки мегӯяд, "дарахт дар як ҷой месабзад".

Вале ин мақол зоҳиран ба "сабзидан" ва соҳиби обрӯву даромад гардидани коргарони тоҷик дар як идора ва ё ширкату вазоратхона рабт надорад. Зеро кам касеро мешавад пайдо намуд, ки дар тӯли бист соли ахир дар як идора ва ё ширкат кор карда, мӯйи сарашро сафед карда бошад.

Баръакс, дар шароити кунунӣ аксар сокинони Тоҷикистон зуд-зуд ҷойи корашонро иваз мекунанд. Ё ба хотири он ки маоши кам мегиранд ва ё ба ширкати дигар онҳоро даъват намуда, шароити беҳтареро пешниҳод менамоянд.

Назари раҳгузарони хиёбонҳои Душанбе низ дар ин бора гуногун аст. Бархе аз онҳо мегӯянд, бо вуҷуди мушкилӣ, аз рӯйи ихтисоси худ дар як идора кор карда ва ҷойи корашонро тағйир надодаанд. Аммо бархеи дигар ба далели камии маош маҷбур шудаанд, ки дар чанд соли ахир борҳо ҷойи корашонро иваз кунанд.

Гурӯҳе дигар кайҳост, ки дар идораву вазоратхонаҳо кор намекунанд. Ҳарчанд дилашон ба тахассус ва таҳсилашон месӯзад, вале ба хотири рӯзгузаронӣ ё роҳи муҳоҷиратро пеш гирифтаанд ва ё ба тиҷорат машғуланд.

Хонандаи азиз, дар ин навор назари раҳгузаронро бубинед ва дар пайи ин матлаб назари худро ҳам бинависед. Оё худи Шуо боре ҷойи коратонро иваз кардаед? Чӣ маҷбур кардааст, ки ҷойи коратонро иваз кунед?

Ҷойи коратонро зуд-зуд иваз мекунед?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:01 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG