Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо мегӯяд, Русия интиқоли газро коҳиш додааст


Кумиссиюни Аврупо мегӯяд, интиқоли гази табиӣ аз Русия ба 8 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо коҳиш ёфтааст. Ин кишварҳо Австрия, Булғористон, Юнон, Маҷористон, Италия, Полша Руминия ва Словакия мебошанд. Ин дар ҳолест, ки тақрибан як ҳафта ҳарорати сард дар минтақа боқӣ мондааст. Кумиссиюни Аврупо мегуяд, интиқоли газ ба Австрия ва Италия 30-24 дарсад киҳиш ёфтааст вале захираҳо ба вазъи фавқулодда нарасидааст. Рӯзи панҷшанбе “Газпром”-и Русия гуфт, интиқоли газро на танҳо ба Аврупо, балки ба Украина ва Беларусия низ афзоиш додааст. Ин манбаъ ҳамчунин гуфтааст, ки Украина газеро, ки бояд ба Аврупо равад, барои худ мегирад. Аммо Украина Русияро муттаҳам мекунад, ки интиқоли газро кам кардааст.
XS
SM
MD
LG