Пайвандҳои дастрасӣ

Нахуствазири Покистон ба ҳукми додгоҳ эҳтиром мегузорад


Юсуф Ризо Гелонӣ

Юсуф Ризо Гелонӣ

Юсуф Ризо Гелонӣ-нахуствазири Покистон гуфт, вай ба тасмими додгоҳ, ки вайро ба беэътиноӣ ба даъвати додгоҳ муттаҳам кардааст, эҳтиром мегузорад. Гелонӣ зимни суханони худ рӯзи ҷумъа дар шаҳри Лоҳур ба рӯзноманигорон гуфтааст, ки вай ба додгоҳ меравад ва дар бораи парвандааш бо онҳо баҳс мекунад, вале афзудааст, ки “вай ба ҳукми додгоҳ эҳтиром мегузорад”. Рӯзи панҷшанбе Додгоҳи Олӣ аз нахуствазир хост то 13 феврал ба додгоҳ ҳозир шавад.
XS
SM
MD
LG