Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кӯмакҳои башардӯстонаи тиббии Амрико ба Тоҷикистон


3 феврал дар шаҳри Душанбе маросими тақдими кӯмакҳои башардӯстонаи тиббии Амрико ба Тоҷикистон баргузор шуд. Сафорати Амрико дар Тоҷикистон дар ёддошти матбуотии худ гуфтааст, арӯзиши ин кӯмакҳо 2 миллион долларро ташкил медиҳад. Кӯмакҳо аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷаи Амрико ва лоиҳаи ҲОУП барои мардуми Тоҷикистон дастрас шудааст. Маросим дар маркази эндокринологии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Ин кӯмак, ки аз 26 800 шишачаи инсулин иборат аст, ройгон дар дастрасии мардуми Тоҷикистон қарор мегирад. Лоиҳаи ҲОУП ва Вазорати тандурустии Ҷумхурии Точикистон ин лавозимоти тиббиро ба дигар марказҳои эндокринологӣ дар сар то сари Точикистон таҳвил менамояд.
XS
SM
MD
LG