Пайвандҳои дастрасӣ

Изҳороти нави Доку Умаров дар бораи боздоштани ҳамлаҳо


Доку Умаров

Доку Умаров

Доку Умаров раҳбари гурӯҳи исломии Кавказ ба размандагони худ дастур додааст, ки ҳамлаҳои баъдии худ ба сокинони маъмулии Русияро боз доранд. Дар як навори чаҳордақиқаӣ, ки рӯзи ҷумъа дар торнамои Kavkaz Center ҷой дода шудааст, Доку Умаров чунин мегӯяд:

“Аҳолии Русия воқеан ҳам аз Путин ҳимоят намекунанд. Вай онҳоро ба хидмати худ даровардааст ва онҳо асири режими ин чекист мебошанд”.

Умаров афзудааст, нақшаҳои амалиёти амниятӣ дар Русия барои он боздошта мешавад, ки мардуми маъмулии ин кишвар осеб набинанд. Ба гуфтаи вай, размандагон ҳамлаҳои худро ба ононе, ки дар ҷанги Путин бар зидди мусулмонон ширкат намекунанд, бозмедоранд.
XS
SM
MD
LG