Бино ба хабари Федератсияи футболи Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ узви Кумитаи байналмиллалии ФИФА дар масоили рушд таин шудааст. Ин кумита масъули рушд ва беҳбуди сифати бозиҳо дониста мешавад. Дар ин кумита ҳамчунин Мишел Платинӣ-раиси УЕФА, шоҳзодаи Урдун Алӣ Бин ал Ҳусейн-муовини раиси ФИФА, Мануел Бурга-раиси федератсияи футболи Перу ва ҳамин гуна дар маҷмӯъ 18 нафар узвият доранд. Рустами Эмомалӣ 24 сола аст ва 5 январи соли ҷорӣ раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуда буд. .