Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рустам Эмомалӣ - узви кумитаи ФИФА


Рустам Эмомалӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, узви кумитаи байналмилалии Федеросиюни байналмилалии футбол (ФИФА) оид ба рушд (Development Committee) таъйин шуд.

Маҳз ин кумита ба рушди футбол ва беҳтаршавии сифати бозӣ машғул аст. Ин кумита ҳамагӣ 18 аъзо дорад ва ба он Исса Хаяту, раиси Конфедеросиюни футболи Африқо, роҳбарӣ мекунад.

Ба ин кумита, инчунин, Мишел Платини, раиси УЕФА (Созмони футболи Аврупо), шоҳзодаи Урдун Алӣ Бин Ал-Ҳусейн, ноиби президенти ФИФА, ҳамчунин, роҳбарони федеросиюнҳои футболи Перу, Литва, Умон ва дигарон дохиланд.

Ёдовар мешавем, ки Рустам Эмомалии 24-сола, писари калонии раисиҷумҳури Тоҷикистон, 5-уми январи соли равон ба мақоми раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуда буд.
XS
SM
MD
LG