Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Истиқлол” ба мавсими нав омода мешавад


Дастаи "Истиқол" ҳини тамрин
Дастаи "Истиқол" ҳини тамрин

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе омодагиро ба мавсими нави футбол шурӯъ кард.

Қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Олимҷон Рафиков ҳаррӯз ду бор – субҳ дар толори марказии варзишии “Тоҷварз” ва бегоҳ дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахти кишвар тамрин мекунад.

Ҷаноби Рафиков ба “Озодӣ” гуфт, дар ҳамин ҳол дар ҷамъомади таълимиву тамринии даста бархе аз бозигарони асосӣ, монанди дарвозабон Алишер Тӯйчиев, ҳимоятгар Давронҷон Эргашев, легионерҳо – дарвозабон Фарҳод Юлдошеви узбакистонӣ, ҳимоятгар Руслан Рафиков ва нимҳимоятгар Александр Кудряшов, ҳарду аз Русия, ширкат надоранд. Онҳо рӯзҳои наздик ба даста ҳамроҳ мешаванд.

Ҷаноби Рафиков афзуд, “мавсими футболи соли 2012-ум барои дастаи мо душвор хоҳад шуд. Зеро, ки “Истиқлол” ҳамчун барандаи Суперкубок ё Ҷоми олии Тоҷикистон ва қаҳрамони кишвар барои нигоҳ доштани ин унвонҳои баланд мубориза мебарад. Инчунин мо барои ба даст овардани Ҷоми Федератсияи футболи кишвар ва Ҷоми Тоҷикистон талош хоҳем кард. Баъдан мо ҳамчун ғолиби мусобиқоти қаҳрамонии соли гузашта Тоҷикистонро дар Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё намояндагӣ мекунем.»

Ба гуфтаи Олимҷон Рафиков, дастаи “Истиқлол” охири ҳафтаи оянда, ба шаҳри Анталияи Туркия сафар мекунад. Ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар ин ҷо тӯли ду ҳафта идома хоҳад кард. Дар ҷараёни омодагӣ ба мавсими нави футбол, инчунин, баргузории якчанд бозии контролӣ дар назар аст.
XS
SM
MD
LG