Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Қазоқистон фаъоли дигари ҳуқуқро муттаҳам карданд


Панҷумин фаъоли қазоқ барои “барангехтани нифоқ” дар шаҳри Жаноазени Қазоқистон муттаҳам эълон шуд. Дар миёнаи моҳи декабр дар даргириҳои миёни пулис ва коргарони нафт дар ин шаҳр 16 нафар кушта шуданд. Шахси панҷум Булат Атабаев раҳбари театри Алмаато мебошад. Вай аъзои як кумиссиюни ғайридавлатист, ки барои расидагӣ ба нооромиҳои Жаноазен муваззаф шуда буд.
XS
SM
MD
LG