Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрон моҳвораи нозири худро ба фазо партоб кард


Эрон мегӯяд, ки моҳвораи нозири сохти эронро бо муваффақият ба мадори наздик ба Замин партоб кардааст. Хабаргузории давлатии ҷумҳурии исломӣ аз қавли Ҳомид Фозилӣ-раиси Созмони ҳавонавардии Эрон хабар додааст, ки ин моҳвора бо номи “Навид” дар масофаи 250 то 370 километр аз Замин ҷой дода шудааст. Дар бораи ин ки моҳвораи “Навид” аз куҷо ба мадор партоб шуд, хабар дода намешавад. Мақомоти расмии Эрон мегӯянд, ки ин моҳвора 50 кило вазн дорад ва дар бораи офатҳои табиӣ дар сайёраи Замин маълумот ҷамъоварӣ мекунад. Аммо Амрикову Исроил изҳори нигаронӣ кардаанд, ки барномаи фазоии Эрон метавонад барои густариши мушакҳои болдори ин кишвар истифода шавад. Чунин мушакҳо метавонанд кулоҳакҳои ҳастаиро низ ҳамл намоянд.
XS
SM
MD
LG