Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳбарияти вазорати умури дохилии Тоҷикистон поксозии сафҳои пулисро оғоз кардааст.

Ба ин хотир рӯзи 2-юми феврал нишасти фаврии вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо иштироки вазири тозатаъйини умури дохилӣ Рамазон Раҳимов баргузор шуд.

Ин нишасти вазорат дар ҳоле сурат мегирад, ки танҳо дар моҳи январи соли ҷорӣ ҳашт корманди пулис барои содир кардани нӯҳ ҷиноят ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд.

Вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов ба сардорони шӯъбаҳои корҳои дохилии шаҳри Душанбе, Идораи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, Идораи шиносномадиҳӣ, Бозрасии Давлатии Автомобилӣ супориш додааст, ки аз рӯи фаъолияти зердастони худ назорати ҷиддиро ба роҳ монанд.

Ба хотири мавҷуд будани камбудҳо, бархе мақомоти ниҳодҳои пулиси ноҳияҳои шаҳри Душанбе аз мақом барканор шудаанд.

Аз ҷумла, Илҳомҷон Файзов - раиси бахши мубориза бо маводи мухаддири ВКД дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе барои ришвахорӣ ва сӯистифода аз мақом, ҳамроҳ бо ду зертобеаш Хуршед Бобоев ва Исмоил Исмоилов аз мақом барканор карда шудаанд.

Файзовро кормандони Оҷонси назорати молии давлатӣ ва мубориза бо фасод 1 феврал боздошт кардаанд. 3 нафари дигар аз кормандони ин бахш дар ҷустуҷӯ қарор доранд. Файзов барои ситонидани ришва, гаравгонгирӣ ва ташкили амалиётро тарҳрезӣ мекардааст, то барои раҳо кардани гаравгонҳо “муштариёнаш” пул пардохт бикунанд.

Ҳамчунон капитани милитсия Шариф Саидов низ барои латукӯби як боздоштшуда аз мақоми худ барканор гардидааст.

ЭЪЛОНИ НОМИ БОЗДОШТШУДАГОН ДАР ҚУБОДИЁН

Дар ҳамин ҳол ҳувияти ду шахсе, ки чанд рӯз қабл дар ноҳияи Қубодиёни Хатлон бо бештар аз 100 кило маводи мухаддир боздошт шуда, гуфта мешуд яке аз онҳо фарзанди генерали баландпояи тоҷик аст, эълон шудааст.

Хабаргузории "Азия Плюс" бо такя ба манобеи худ дар мақомоти интизомӣ навиштааст, ки ин шахс Маҳмадулло Маҷидов, мулаққаб ба “Меҳрубон, писари генерал-майори милитсия, раҳбари гурӯҳҳои вижаи БДА Тоҷикистон Ҳабибуллоҳ Маҷидов мебошад. Шахси дуввум, Хуршед Раҳимов, писари ронандаи сафорати Тоҷикистон дар Маскав будааст.

Дар ҳамин ҳол вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабари ин расонаро, ки навишта буд, ки яке аз боздоштшудагон писари яке аз дипломатҳои тоҷик будааст, рад кард.

Ин нахустин мавриди кашфу мусодираи ҳаҷми бузурги маводи мухаддир дар вилояти Хатлон дар соли ҷорӣ набудааст. Чанде пеш кормандони Оҷонсии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон шабакаи фаромарзии машғул ба қочоқи маводи мухаддирро боздошт карданд, ки Фаридун Умаров, муовини сардори шӯъбаи мубориза бо қочоқи маводи мухаддири ноҳияи Фархор ва бародари муовини аввали раиси Кумитаи амнияти миллӣ, узви шабакаи мазкур будааст.

Ба гуфтаи коршиносон, ба истилоҳ, ҷасорати баланди Оҷонсии зидди коррупсияи Тоҷикистон дар боздошти ин гурӯҳи созмонёфта пас аз интиқоди батакрори раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз кори номуассири мақомоти қудратии кишвар зоҳир шудааст. Президент дар гузашта борҳо ба даст доштани бархе аз маъмурони интизомӣ, амниятӣ ва марзбонӣ дар қочоқи маводи мухаддир таъкид карда, зарурати ҳатмии поксозии сафи ин нерӯҳоро тақозо намуда буд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG