Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Капитан Илҳом Файзов дар Душанбе боздошт шуд


Илҳом Файзов-раиси бахши мубориза бо маводи мухаддири ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе барои ришвахорӣ ва сӯистифода аз мақом боздошт шудааст. Файзовро кормандони Ожонси назорати молии давлатӣ ва мубориза бо ришвахорӣ 1 феврал боздошт кардаанд. 3 нафари дигар аз кормандони ин бахш дар ҷустуҷӯ қарор доранд. Файзов барои ситонидани ришва худаш гаравгонгирӣ ва ташкили амалиётро тарҳрезӣ мекардааст, то барои раҳо кардани гаравгонҳо “муштариёнаш” гаравгонро бо пуле аз вай бихаранд. Дар ҷаласаи 2 феврал вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов Илҳом Файзов ва се нафар аз кормандони ин бахшро аз мақом барканор кард.
XS
SM
MD
LG