Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Покистон 7 сарбоз ва 18 тундрав кушта шуданд


Гузориш мешавад, ки дар маҳали қабиланишини Куррами Покистон дар наздикии марз бо Афғонистон дар даргирие 7 нафар сарбозони артиш ва 18 нафар тундгароҳои исломӣ кушта шудаанд. Мақомоти расмии Покистон мегӯянд, ки тундравҳо ба сӯи посгоҳи амниятӣ тирандозӣ кардаанд ва як сарбозро ба қатл расондаанд. Се сарбози дигар захмӣ шудаанд. Тундравҳо дар оташи ҷавобӣ кушта шудаанд. Манобеи мустақил то ҳол шумораи кушташудагонро таъйид накардаанд.
XS
SM
MD
LG