Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки бар асоси муқаррароти расмӣ дар Тоҷикистон шахсияти дуввум ба ҳисоб меравад, дар ин ҳафта аз шастолагии худ таҷлил кард.

Аз Муҳаммадсаид Убайдулоев баъди хатми ҷанги дохилӣ ва то соли 2003, умдатан ба унвони ҷойнишини эҳтимолии Эмомалӣ Раҳмон дар қудрати сиёсии Тоҷикистон ном бурда мешуд. Аммо бо ислоҳоти Қонуни асосӣ дар соли 2003, ки ба Эмомалӣ Раҳмон ду навбати дигари номзадшуданро фароҳам кард, ин гумону шубҳа нақше бар об монд. Ба ҳар сурат, Маҳмадсаид Убайдуллоев дар силсиламаротиби қудрат дар Тоҷикистон ҳамчунон шахсияти калидӣ ва муҳим боқӣ мондааст.

Ӯ соли 1992 ба думболи ба қудрат расидани ҳукумати феълӣ, ба унвони муовини раиси Шурои вазирон таъйин шуд ва амалан ба сиёсати калони ҷумҳурӣ ворид гардид. Ба эътиқоди аксари таҳлилгарон ва сиёсатмадорон, оқои Убайдуллоев, ки таҳсилкардаи мактабҳои ҳирфаӣ ва сиёсии шӯравӣ ва таҷрибадори низоми иҷроии ҳокимият вақт буд, тавонист дар гузоштани пойдевори ҳукумати нав, ки зимни кашмакашҳои сиёсӣ ва идомаи ҷанги дохилӣ амалан фалаҷ шуда буд, саҳми муҳим иҷро кунад.

Мухолифони сиёсии низом низ ба нақши дидании Маҳмадсаид Убайдуллоев дар сохтани ниҳодҳои давлатӣ баъди касби истиқлол ва дар тӯли 20 соли охир таъкид мекунад. Раҳматулло Зоиров, раиси ҲСДТ мегӯяд, Маҳмадсаид Убайдуллоев дар воқеъ камтар аз ҳеҷ шахсияти дигари давлатие, дар сохтани амалии пояҳои Раҳматуллоҳ Зоиров

Раҳматуллоҳ Зоиров

низоми давлатии Тоҷикистони баъди истиқлол саҳм надорад.

Ӯ мегӯяд: «Маҳмадсаид Убайдуллоев дар сохтани давлатдории Тоҷикистон, маcалан аз президенти кишвар ва ё афроди дигари дар мақомот коркарда, камтар фаъолият накардааст. Балки шояд аз ҷиҳати ташкилӣ, иҷроия ва ғайра шояд бисёртар амал кард. Бисёртар ҳиссаи худро гузошта тавонист. Агар дар ёд дошта бошед, қазияи Маҳмуд Худойбердиев ва дигар низоъҳоро нисбат ба Маҳмадсаид Убайдуллоев. Он вақт як мақомдоре зарур буд, ки ҳамаи ҳамин қазияро ба дӯши худ бигирад, Убайдуллоев тавре мегӯянд, «этот удар принял на себя». Барои ҳамин дар давлатдории тоҷикон нақши барҷаста дорад.»

Оқои Зоиров мегӯяд, Маҳмадсаид Убайдуллоев бештар ҳамчун шаҳрдори Душанбе пойтахт матраҳ аст ва минҳайси шаҳрдор бештар амал кардааст. Ва то кунун ба унвони шахсияти дуввуми давлат ва раиси ММ камтар матраҳ шуда ва аз ваколатҳои худ истифода кардааст. Ба бовари оқои Зоиров, Убайдуллоев ҳоло дар кулвораш бархе аванс ва ё имтиёзҳои худро маҳфуз дошта ва истифода накардааст.

Маҳмадсаид Убайдуллоев аз соли 1992 ба унвони муовини раиси Шӯрои вазирон дар ҳукумати иҷрои нақши ифо кард, аммо вақте номи ӯ бештар сиёсӣ шуд, ки дар соли 1996 Маҳмуд Худойбердиев алайҳи ҳукумати вақт аввалин қиёми худро ба роҳ андохт ва яке аз умдатарин тақозои ӯ ҳам канор задани Маҳмадсаид Убайдуллоев аз мақоми муовини аввали сарвазир буд. Зимни ин рӯёрӯӣ аз мақоми худ канор рафт. Дар зеҳни аксар ин бовар чира шуд, ки оқои Убайдуллоев ба поёни умри сиёсии худ расид. Аммо ӯ дубора ба унвони шаҳрдори пойтахт зоҳир шуд, ки мақоме муҳимтар аз муовини сарвазир дар ҳар кишварест. Ва маълум кард, ки рафтанаш ақибнишинии тактикӣ будааст.

Баъди ин, марҳилаи дигаре аз фаъолияти Маҳмадсаид Убайдуллоев ба унвони як соҳибмансаб ё давлатмард оғоз шуд. Ӯ як муддат дар замони ҷанги дохилӣ ва музокироти сулҳи давлат ва мухолифони тоҷик ҳам раҳбарии ин музокирот аз ҷониби давлатро бар ӯҳда дошт.

Дар ҷараёни ҷанги дохилӣ Душанбе - пойтахт амалан ба як шаҳри низомиён ва фармондеҳон табдил шуда буд ва ҳатто баъди анҷоми шароити Созишномаи сулҳ низ, ин вазъият идома дошт ва қумондонсолорӣ дар кишвар ва Маҳмуд Худойбердиев

Маҳмуд Худойбердиев

хоса Душанбе ҳукумат мекард. Зимистони соли 2000-юм ба думболи иҷрои шароити Созиши сулҳ, мунҳал шудани нерӯҳои мусаллаҳи мухолифон ва хатми кори КОМ, нахустин интихоботи порлумони ҳирфаӣ дар Тоҷикистон доир шуд.

Дар ҷараёни ин маърака ва корзори интихоботӣ, баъди хориҷ шудан аз мулоқот бо интихобкунандагон дар маҳаллаи Қарияи боло, Маҳмадсаид Убайдуллоев мавриди сӯйқасд қарор гирифт. Майне дар зери мошини ӯ кор гузошта шуда буд, ки мунфаҷир шуд ва ҳамроҳони ӯ, аз ҷумла Ҷобиров, муовини вазири амният кушта шуд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷароҳат бардошт, наҷот ёфт. Бархе аз аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳ дар ташкили ин сӯқасд, ки ҳадафи он Маҳмадсаид Убайдуллоев буд, муттаҳам шуданд. Чанд нафар аз ҷумлаи ҷангиёни пешин мухолифин ба ин далел боздошт ва маҳкум шуданд. Фармоишгари аслии ин сӯйқасд шояд пинҳон монд, аммо ин ҳодиса боис шуд, ки муборизаи бесобиқае ба қумондонсолорӣ дар Душанбе оғоз шавад.

Коре, ки сода набуд, зеро гуруҳҳои мусаллаҳ минтақаҳои пойтахтро ба ҳавзаҳои нуфузи худ табдил дода буданд. Ва ин гуруҳҳое буданд, ки дар ба қудрат расонидани ҳукумати вақт ва дар пуштибонӣ аз он зимни ҷанг бо мухолифон саҳм доштанд. Ин гурӯҳҳо ҷонибдорон ва лобистҳое дар радаҳо қудрати сиёсӣ доштанд. Ба ин далел, ин имкон низ баъйид набуд, ки поксозии Душанбе аз вуҷуди низомиён ва ё ҳадди ақал шаҳрдор, ки иқдом ба ин кор карда буд, дучори шикаст шавад.

Ҳикматулло Сайфуллозода, собиқ сухангӯи ИНОТ ва феълан раиси маркази таҳлилии «Диалог» мегӯяд: «Бисёр масоиле ҳаст дар чеҳраи Душанбе, ки ошкор муайян аст, ки саҳми Убайдуллоев аст. Бигирем поксозии шаҳр аз қудратҳои низомиро. Агар ошкор бигӯем, дар берун кардани гуруҳҳои Сӯҳроб Қосимов, саҳми Убайдуллоев буд. Ба канори шаҳр рондани Ғаффор Мирзоев ҳам саҳми Убайдуллоев буд. Дигар гуруҳҳои хурду реза ҳам аз шаҳр берун шуданд, ки саҳми шаҳрдор буд. Аммо аз ҳама муҳимтар аз маркази шаҳр, ба канори он кӯчонидани пойгоҳи низомиии Русия ҳам кору саҳми Убайдуллоев буд. Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода

Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода

Ман дар ин ҷо хидмати ҳич каси дигареро намебинам ба ин андоза.»

Интихоботи парлумонии соли 2000 анҷом шуд ва Убайдуллоев ба ҳайси Раиси ММ ва дар маҷмӯъ МО интихоб шуд, ки марҳилаи тозае дар зиндагии сиёсии ӯ ба ҳисоб мерафт. Ҳамкорони ӯ мегӯянд, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев дар воқеъ як раҳбари сахтгир аст, ки гоҳ ба ин далел ба истилоҳ дағал маълум мешавад. Аммо назари худро ба кор ба ҳеч ваҷҳ, таҳти ҳеч шароите дигар намекунад. Иҷро накардани кор ва саҳалангориро намебахшад. То ҷое, ки бархе мегӯянд, хешу табориро намешиносад.

Зимистони соли 2003 барои Тоҷикистон сангин омад, барфи зиёде борид ва Душанбе бе барқу бе газ монд. Раиси ҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар сафари Амрико буд. Ӯ вазири энержӣ Ҷӯрабек Нурмуҳаммадов, раиси Тоҷикгаз Маҳмадрузӣ Искандаров ва муовини сарвазир Фарррух Муҳиддиновро водор кард, ки тавассути он вақт танҳо шабакаи саросарии ТВ вазъиятро шарҳ диҳанд ва аз мардум узр пурсанд. Мардум аввалин бор шоҳид буд, ки вазирон тавассути ТВ аз онҳо узрхоҳӣ мекунанд.

Ибодулло Оқилпур аз ҳамкорони собиқи ӯ мегӯяд: «То ҷое ман медонам ва бо ӯ кор кардаам, Маҳмадсаид Убайдуллоев бисёр шахси ҷиддӣ аст. Нисбат ба кор ва ба ҳамкорон ниҳоят ҷиддӣ аст. Дар кор дӯстиву хеширо намешинасад. Талаб мекунад, мепурсад, супоришро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад. Хотирааш дар нигоҳ доштани факту рақам беҳамто аст.»

Аз соли 2004 ва 2005 ба ин сӯ таносуби нерӯҳо, сафороиҳои сиёсӣ, бархе зеҳниятҳо дар дохили низом ва ҷомеъа ва инчунин қабл аз он қонунгузорӣ ҳам дастхуши тағйир шуд. Шахсиятҳои ҷадиде вориди саҳна шуданд, ва ё аз пушти саҳна ба сиёсат ва иқтисоду идора таъсиргузоранд. Бо ин вуҷуд, Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳамчунон ҷойгоҳ, нуфуз ва мевқеъи худро ҳифз карда ва шахси дуввум дар давлат боқӣ мондааст. Ӯ феълан бештар фаъолияташро ба гуфтаи таҳлигарон, рӯи масоили шаҳрӣ ба унвони раиси пойтахт мутамарказ кардааст.

Давлат Усмон, коршиноси тоҷик

Давлат Усмон, коршиноси тоҷик

Давлат Усмон, вазири собиқ дар ҳукумати Тоҷикистон ба нақши боризи Маҳмадсаид Убайдуллоев дар танзими масоили шаҳрӣ ва таъмини суботу низом дар солҳои баъди ҷангӣ таъкид мекунад, аммо мегӯяд, ки ӯ ба масал нақши фарзин дар саҳнаи сиёсиро дорад ва аз соя берун наомадааст.

Оқои Усмон мегӯяд: «Дар маҷмӯъ то кунун як шахсияти калидӣ ҳаст, аммо то ҳанӯз дар сояи шахси аввал аст. Аз соя берун наомадааст. Дар сохтани низоми феълӣ яке аз шахсиятҳои бориз ҳаст, қаблан фаъолияташ бештар ба назар мерасид, ҳоло каме, тавре гуфтем, дар соя аст ва ё кунд шудааст.»

Аммо Раҳматулло Зоиров мегӯяд, бо вуҷуди корҳои иҷроӣ ва нақши муҳим дар таҳкими ҳокимият ва ирои барномаҳо, дар фаъолияти кории Маҳмадсаид Убайдуллоев зовияҳои «императивӣ» ё омирӣ, назар ба ҷанбаҳои демократӣ қавитар аст.

Оқои Зоиров мегӯяд: «Масалан маҳдуд кардани ҳуқуқу ваколатҳои ноҳияҳо, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва пурра салоҳиятҳоро ба дасти худ гирифтанаш дар вазифаи раиси шаҳри Душанбе ва ҷудо кардани замину дигар масъалаҳоро фақат ба салоҳияти шаҳр гирифтан, ин нишон медиҳад, ки барои режими сиёсии имрӯзи Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев як мақом, як зинаи муҳимро ишғол менамояд.»

Маҳмадасид Убайдуллоев чанд навбат бо расонаҳо вориди баҳс шуда ва аз ҷумла бо нашрияи «Миллат». Ва далели ин бархӯрдҳо низ таваҷҷуҳи ба гузоришу матолиби матбуот аст. Аммо ӯ ҳамеша ба матолиби расонаҳо аҳамият додааст, зеро хулосаи нашрияҳоро мисли дигар роҳбарон ба ӯ пешниҳод намекунанд, балки ӯ мустақиман худаш рӯзнома мутолиа мекунад. Ва аз мулоқоти мустақим бо масъулини нашрияҳо низ ҳазар намекунад. Агарчанд худаш камтар мусоҳиба додааст, аммо зердастонашро барои вокуниш ва баррасии матолиби расонаҳо водор мекунад. Ва на ҳамеша ин ба хотири розӣ нигаҳ доштани матбуот аст.

Хилватшоҳи Маҳмуд

Хилватшоҳи Маҳмуд

Хилватшоҳи Маҳмуд, сардабири Оҷонси иттилоотии Озодагон мегӯяд: «Ман, ки зарфи як соли охир ба ҳайси сардабир дар бархе ҷаласаҳои Маҳмадсаид Убайдуллоев иштирок доштам, бардоштам ин аст, ки қариб ҳамаи нашрияҳои давриро варақ мезанад ва аз навиштаҳои аксари хабарнигорон бохабар аст. Яъне, дар ҷараёни таҳаввулот худаш таҳавулот мустақиман қарор дорад.»

Шояд ба ин далел аст, ки дар ду сатҳ зодрӯзи Маҳмадсаид Убайдулоев таҷлил шуд. Яке рӯзи 1-ум феврал дар муҳити хонаводааш, бар асоси Қонуни танзим, ки ба гуфтаи бархе манобеъ, дар ин рӯз дар маҳалли кор ҳозир нашуд. Дуввум дар саҳифаи рӯзномаҳои мустақил. Дар ҳоле, ки расонаҳои давлатӣ ин солрӯзро аҳамият қоил нашудаанд, ҳамаи нашрияҳои муҳими мустақил ба солрӯзи Маҳмадсаид Убайдуллоев пардохтаанд. Аммо ба ин суол посух наёфтаанд, ки ӯ ҳамчунон дар соя боқӣ хоҳад монд?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG