Пайвандҳои дастрасӣ

Қарор аст, рӯзи шанбе раҳпаймоии густурдаи мухолифони режими Кремл дар Маскав баргузор шавад.

Интизор меравад, ки даҳҳо ҳазор тан аз муътаризон дар ин раҳпаймоӣ иштирок кунанд.

Ҳамчунон аз баргузории гирдиҳамоии дигар ба ҳимоят аз Владимир Путин, нахуствазири феълӣ ва номзад ба раёсати ҷумҳури ояндаи Русия дар ҳамин рӯз гузориш шудааст.

Дар ҳамин ҳол ҳол Геннадий Онишенко, сарпизишки беҳдоштии Русия ба расонаҳои русӣ гуфтааст: «Тарафдори ҳар, ки ҳастед, ба шумо мегӯям, ки бо либосҳое, ки маъмулан ба тан мекунед, дар ин эътирозҳо иштирок накунед.»

Ин мақоми беҳдоштии Русия ба эътирозкунандагон ҳушдор додааст, ки ҳаво бисёр сард аст ва онҳо бояд пойпӯшҳо ва либосҳои хеле гармашонро бипӯшанд.»

Ин аввалин бор нест, ки ин мақоми 61-солаи рус қабл аз эътирозҳои зидди ҳукуматӣ, чунин ҳушдори беҳдоштӣ содир мекунад.

Оқои Онишенко қаблан низ ба мухолифони ҳукумат ҳушдор дода буд, то аз иштирок дар эътирозҳои зидди Кремл дар даҳуми декабр ба хотири он, ки сармо нахӯранд, худдорӣ кунанд. Пешбинӣ мешавад, ки ҳавои Маскав рӯзи шанбе 26 дараҷаи зери сифр хоҳад буд.

Ин эътирозҳо баъд аз иттиҳомот дар мавриди тақаллуби густурда дар интихоботи парлумонӣ дар Русия шиддат гирифтанд.

Ҳанӯз рӯшан нест, ҳушдор дар мавриди вазъияти ҳаво чӣ таъсире ба муътаризон хоҳад гузошт. Расонаи давлатии "Новостӣ" раҳнамудеро нашр карда ва дар он аз эътирозгарон хоста шудааст, то бо худ термуси чой бигиранд. Аммо Онишенко гуфтааст, ки нӯшидани чой таъсири акс бар ҷой хоҳад гузошт.

Ӯ афзудааст: «Дар ибтидо нӯшидани чойи гарм таъсири мусбат дорад, зеро рагҳои хунро бузург месозад ва шояд сабаби тавлиди арақ шавад, аммо баъдан ҳама чиз ба нуқтаи аввал бармегардад.»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG