Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии Доналд Трамп аз номзадии Митт Ромнӣ


Доналд Трамп (Акс аз бойгонӣ)
Доналд Трамп (Акс аз бойгонӣ)
Сармоядори маъруфи Амрико Доналд Трамп ба таври ногаҳонӣ аз волии собиқи аёлати Массачусеттс Митт Ромнӣ ба ҳайси номзади ҷумҳурихоҳон дар интихоботи моҳи ноябри раёсати ин ҷумҳурӣ ҳимоят кард. Гузоришҳои қаблӣ мегуфт, ки ӯ аз рақиби Ромнӣ –Нют Гингрич пуштибонӣ хоҳад кард. Доналд Трамп дар нишасти хабарӣ дар яке аз меҳмонсароҳояш дар Лас-Вегас дар ҳузури Митт Ромнӣ ва ҳамсари ӯ гуфт, Ромнӣ “ба корҳое баде, ки то ҳол дар ин кишвар мегузаранд, роҳ нахоҳад дод.” Ромнӣ дар интихоботи муқаддамотии ҷумҳурихоҳон дар Айова, Ню-Ҳампшир ва Флорида баранда шуда, Гингрич шаҳди пирӯзиро то ҳол фақат дар Каролинаи шимолӣ чашидааст.
XS
SM
MD
LG