Пайвандҳои дастрасӣ

Сарвазири Русия Владимир Путин дар барномаи “Холодная политика”-и шабакаи аввали телевизиони ин кишвар зоҳир шуд ва гуфт, шабакаи зиддимушакии Амрикову муттаҳидинаш аз НАТО, ки бояд дар Аврупо бунёд шавад, “бидуни шак, аз байни бурдани иқтидори мушакҳои ҳастаии Русияро ба ҳадаф дорад.” Путин гуфт, ин шабака “то Уралро фаро мегирад, яъне манотиқеро, ки нирӯҳои ҳастаии мо мустақар мебошанд.” Ӯ афзуд, “аз ҷониби Эрон ё Кореяи шимолӣ таҳдиде нест” ва НАТО ягон замонати хаттӣ намедиҳад, ки шабакаи зиддимушакиаш Русияро ҳадаф қарор нахоҳад дод.
XS
SM
MD
LG