Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти Кумитаи Сенат аз таҳримоти нави зидди Эрон


Кумитаи бонкдории Сенати Амрико бастаи пешниҳодии таҳримот алайҳи Эронро тасвиб кард, ки ин тарҳи қонунро ба марҳалаи иҷро як қадами дигар наздиктар мебарад. Ин тарҳи қонун Сипоҳи посдорони инқилоби Эрон ва ширкатҳои дахил дар тавлиди муштараки энержӣ ва уран бо Эронро ба ҳадаф дорад. Ширкатҳо ва афроде, ки Эронро бо силоҳ таъмин мекунанд, низ таҳти таҳрим қарор хоҳанд гирифт. Манзур силоҳҳое, чун тирҳои резинист, ки метавонад алайҳи шаҳрвандон истифода шавад. Чанд ҳафта қабл Конгресси Амрико аз таҳримот алайҳи Бонки марказии Эрон низ ҳимоят карда буд. Аъзои Сенат мегӯянд, ҳадаф аз ин таҳримот ба даст кашидан аз фаъолиятҳои ҳассоси ҳастаияш маҷбур кардани Теҳрон аст.
XS
SM
MD
LG