Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талошҳои ҷилавгирӣ аз ёдбуди қурбониёни Ҳамо


Як гӯшаи Ҳамо баъд аз ҳамлаи артиш дар соли 1982
Як гӯшаи Ҳамо баъд аз ҳамлаи артиш дар соли 1982
Мухолифини Сурия мегӯянд, нирӯҳои давлатӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз эътирозҳои бахшида ба солгарди 30-юми қатли омми Ҳамо дар нуқоти муҳими саросари кишвар ҷобаҷо шудаанд. Ба гуфтаи фаъолон, нирӯҳои амниятӣ чандин нафарро боздошт карда, ҳухзури худро дар Ҳамо тақвият додаанд. Нирӯҳои раҳбари вақти Сурия Ҳофиз Асад рӯзи 2 феврали соли 1982 ба саркӯбии исёни исломиҳо дар Ҳамо шурӯъ карда, дар зарфи як моҳ, бино ба ҳисобҳои мухталиф, аз 10 000 то 40 000 нафарро қатл карданд. Баъди Ҳофиз Асад ба тахти раёсати Сурия писари ӯ Башор Асад нишаст, ки 10 моҳ боз ба мавҷи бемисли эътирози мардум рӯбарӯст. Тайи ин эътирозҳо беш аз 6000 нафар ҷон бохт. Бо ин ҳол, баҳси қатъномаи нави Шӯрои Амният ба хотири хатми хушунатҳо дар Сурия ба маҳзи мухолифати Русия зоҳиран дучори бунбаст шудааст.
XS
SM
MD
LG