Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозгаронро дар Қоҳира бо газ пароканда карданд


Пулиси Миср алайҳи эътирозгароне, ки дар пайи пурқурбонитарин хушунатҳои мухлисони футбол ба сӯи вазорати умури дохила дар Қоҳира раҳпаймоӣ мекарданд, аз гази ашковар кор бурд. Шоҳидон мегӯянд, ҳазорон нафар бо шиорҳои зидди шӯрои низомии ҳокими Миср ба кӯчаҳои атрофи ин вазорат рехтанд. Аммо пулисро роҳро баста, барои пароканда кардани издиҳоме, ки болои пулис санг меандохт, аз газ истифода бурд. Ҳанӯз маълум нест, ки дар ин даргириҳо касе осеб дидааст ё хайр. Рӯзи чоршанбе дар ошӯби байни мухлисони ду тими футбол дар шаҳри Порт-Саид 74 кас кушта, беш аз 1000 тани дигар захмӣ шуданд. Эътирозгарон дар Қоҳира нирӯҳои амниятиро айбдор мекарданд, ки пеши ин хушунатро гирифта натавонистанд.
XS
SM
MD
LG