Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нухбагони тиҷорати Тоҷикистонро муайян хоҳанд кард


Иттиҳодияи миллии менеҷерҳо ва бозоршиносони Тоҷикистон аз оғози ду озмун дарак додааст, ки маълум кардани нухбагони тиҷорат ва 10 менеҷери аввали кишварро дар назар дорад. Қарор аст, ин ду озмон дар моҳи декабр натиҷагирӣ шаванд. Раиси Иттиҳодияи менеҷерҳо Шавкат Бозоров гуфтааст, дар ин озмунҳо фақат он муассисаҳои тиҷорӣ ҳаққи ширкат доранд, ки вобаста ба ҳаҷми фаъолияташон аз 2 000 то 5 000 сомонӣ ҳаққи узвият месупоранд. Нухбагони тиҷорат бар асоси меъёрҳое, чун нақши онҳо дар иқтисод, сифат ва рақобатпазирии маҳсулоти онҳо, маъруфият ва таблиғи моле, ки тавлид мекунанд, муайян шуда, меъёрҳои интихоби 10 менеҷери аввали Тоҷикистон муассирияти кор, маъруфият, ширкат дар ҳаёти иҷтимоӣ ва амсоли ин будааст.
XS
SM
MD
LG