Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргирии марзбонони тоҷик бо қочоқбарони ҳероин ва кокаин


Худойбердӣ Алиев, ноиби фармондеҳи марзбонони тоҷик дар Шӯрообод.
Худойбердӣ Алиев, ноиби фармондеҳи марзбонони тоҷик дар Шӯрообод.
Нерӯҳои марзбони Тоҷикистон мегӯянд, дар қитъаи Шӯрободи марз бо Афғонистон бо гурӯҳи қочоқбарон вориди даргирӣ шудаанд. Дафтари матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфтааст, яке аз қочоқбарон захмӣ шуда, даста тавонистааст, бопас ба Афғонистон фирор кунад. Дар ҷои воқеа 25 килограм ҳероин ва 1 кило кокаин кашф шудааст. Даргирӣ шаби якшанбе ба вуқӯъ пайвастааст, аммо дар бораи он расман рӯзи панҷшанбе хабар дода шуд. Ин бори аввал аст, ки талош шудааст, кокаин ба Тоҷикистон интиқол дода шавад.
XS
SM
MD
LG