Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кабирӣ: "Ғалабаи Путин ба осонӣ таъмин нахоҳад шуд"


Владимир Путин

Владимир Путин

То замони баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Русия камтар аз як моҳи дигар боқӣ мондааст.

Аз ин ҷост, ки фазо ва саҳнаи сиёсӣ дар ин кишвар рӯз то рӯз доғтар мешавад ва баҳсу пархошҳои лафзӣ дар расонаҳову маҳофили ин кишвар миёни довталабон ва ҷонибдорону мухолифини онҳо на танҳо таваҷҷӯҳи ҷомеаи ин кишвар, балки хориҷ аз онро ба самти худ кашидааст.

Махсусан, таблиғоти ниҳоят густарда ва бесобиқаи Владимир Путин -- номзади Кремл, ки инак бори саввум барои ин курсӣ мубориза мекунад.

Намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва бархе аз коршиносони тоҷик, ки ҷараёни корзори интихоботии Русияро пайваста мушоҳида мекунанд, аз коҳиши нуфузи номзади асосии мақоми раёсати ҷумҳурии ин кишвар Владимир Путин ҳарф мезананд.

Ба эътиқоди соҳибназарон, ташкили таблиғи густарда дар шабакаҳои сартосарии Русия ва муҳимтар аз ин, доғ кардани масоили милливу ангезиш додани масъалаи муҳоҷирин аз сӯи Путин ва мубаллиғони вай баёнгари он аст, ки ӯ дар изтироб буда, тарсхӯрда низ ба назар мерасад.

Муҳиддин Кабирӣ

Муҳиддин Кабирӣ

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) ва вакили ин ҳизб дар порлумони Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло бо онки шароит ва авзои иҷтимоиву сиёсии Русия иваз шудааст, ҷаноби Путин наметавонад ба он роҳатие, ки дар интихоботи пешин баранда шуда буд, пирӯзӣ ба даст оварад. Аз ин сабаб, барои расидан ба курсии қудрат гоҳо ба масоилу мавзӯъҳое низ даст мезанад, ки баъдан иҷрои онҳо мушкил мешавад.

Раиси ҲНИТ гуфт, "табиист, ки дар маъракаи пешазинтихоботӣ мантиқи гуфтугӯ ва шиорҳои номзадҳо тағйир хоҳанд хӯрд. Ин ба маънои он нест, ки баъд аз интихобот сад дарсад ин мантиқ ҳифз мешавад ва шиорҳо амалӣ хоҳанд шуд. Мавзӯи муҳоҷирин ва дифоъ аз манофеи мардуми рус мавзӯъҳоеанд, ки ҳар кадом аз сиёсатмадорони Русия мехоҳанд аз он истифода баранд. Барои ҳамин, ин табиист, ки ҷаноби Путин ҳам аз ин мавзӯъҳо истифода мебарад, бахусус, дар шароити имрӯза, ки ғалабааш ба осонӣ таъмин нахоҳад шуд."

Ба мушоҳидаи коршиносони тоҷик сӯҳбатҳо ва таблиғоти расонаии номзади асосии Кремл бо шеваҳои ғайримаъмулӣ Путинро бо симои дигар, бо симои як нафаре, ки заъф ва камбуди худро ҳар лаҳза бештар эҳсос мекунад, зоҳир кардааст.

Саймуддин Дӯстов

Саймуддин Дӯстов

Саймиддин Дӯстов, коршиноси мустақили тоҷик мегӯяд, иллатҳои изтиробу даступохӯрдагии Путин он аст, ки ӯ дар баробари интихоби мардум қарор гирифтааст, дар ҳоле ки пештар ин мақомро ӯ аз дасти ҳукумат гирифта буд:
"Талошҳои ӯ тавассути шабакаҳои федеролии телевизионӣ барои ҳатто "аблаҳу беватан"-у боз чиҳои дигар нишон додани мухолифонаш далели онанд, ки ӯ дар ҳоли изтироб аст ва ӯ намехоҳад, ки ҳокимиятро аз даст бидиҳад ва инҷо ба фикри ман ду сабаб аст. Аввал ин ки ӯ аз ҷумлаи бойтарин одамони дунёст ва намехоҳад онро аз даст бидиҳад ва шояд ҳатто зиндонӣ ҳам шавад. Дувум, аз нафароне аст, ки ҳокимиятро аз дасти "боло" аз дасти президент Елтсин гирифта буд ва ӯ ҳеҷ вақт ба мардум такя намекард."

Аммо Сӯҳроб Шарифов, вакили Маҷлиси Намояндагон аз Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон мухолифи ин ақида ва назарҳост. Вай мегӯяд, дар ҳоли ҳозир Путин дар воқеъ барои Русия ва тақвияти ҳузури он дар арсаи байнулмилалӣ шахси бисёр муҳим аст.

Сӯҳроб Шарифов

Сӯҳроб Шарифов

Ин вакили порлумон гуфт, "новобаста аз он кашмакашиҳое, ки имрӯз оппозитсия мекунад дар нисбати Путин, ӯ ягона номзади хеле ҳам сазовор мебошад, ки дар ин курсӣ метавонад Русияро ба ваҳдат ва ба бузургӣ расонад. Зеро Путин дар ҳақиқат мехоҳад давлати бузурги Русияро аз сари нав барпо кунад. Аз ин ҷиҳат номзадҳое, ки мухолифи Путин ҳастанд, ба фикри ман, онҳо ин корро карда наметавонанд. Русияро ба ҷунбиш медароранд ва ба Русия метавонад хатари тақсимшавӣ ва хатари ҷудошавӣ таҳдид кунад."

Бо ин ҳама, ҳам намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва ҳам соҳибназарони тоҷик бар пирӯзии Владимир Путин дар ин навбати интихобот шубҳа надоранд. Аммо мегӯянд онҳо, гумон аст дар ин навбат, ки барои шаш сол интихоб хоҳад шуд, Путин як раёсати орому осуда дошта бошад. Зеро ҷомеаи ин кишвар низ мисли бақия аз мардумони кишварҳои Шӯравии пешин хостори таҳаввул ва тағйир аст ва аз онки боз ҳам як нафари кӯҳна дубора сари кор меояд, розӣ буда наметавонанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG