Пайвандҳои дастрасӣ

Хонандагони торнамои "Озодӣ" менависанд, ки аз дидани намоишҳои телевизионҳои кишвар маҳрум шудаанд.

Чанд нафар аз хориҷи Тоҷикистон шикоят карданд, ки дигар ба намоишҳои телевизионҳои кишвар дастрасӣ надоранд. Сокини ноҳияи Восеъ, Қурбонхон ба мо навишт, ки сар "аз 6-уми феврали соли 2012 ҳар чор канали Тоҷикистон: Якум, Сафина, Ҷаҳоннамо ва Баҳористон, ба қавли мутахассисон ба системаи рақамӣ гузаштаанд. Дар ин раванд бо РЕСИВЕРҲО -- базаҳои параболии: Старсат ва ё Опенбокс ва ё дигар базаҳо пахши ин барномаҳо номумкин шудааст. Барои дастрасии онҳо тавассути моҳвора бояд базаи нав харид. Оё ин бизнеси нав аст? Оё муттасаддиён фикр намекунанд, ки бе ин ҳам фазои иттилооти Тоҷикистон, алалхусус дар навоҳӣ ва деҳаҳо аз ҷониби дигар давлатҳову каналҳо монополия шудагӣ. Барои чор канал шуда халқи оддӣ базаи нав харанд? Халқ пас аз ин кор ҳама ба каналҳои афғониву узбакӣ рӯ овардаанд, оё инро медонед, рафиқ стратегони иттилоотӣ?"

Аз он ҷо ки чунин шикоятҳо ва пурсишҳои ин ки бо телевизионҳои Тоҷикистон дар моҳвора чӣ чиз иттифоқ афтодааст, то рафт бештар мешаванд, Радиои Озодӣ тасмим гирифт, матлаби худро, ки ҳанӯз рӯзи 3-юми феврали соли равон ба нашр расида буд, дигарбора пешкаши хонандагон кунад.

МОҲВОРА МУҲИМ Ё СИФАТИ НАМОИШИ ТЕЛЕВИЗИОНҲО?

Шурӯъ аз 6-уми феврал нишондодҳои техникии моҳвораи шабакаҳои телевизионҳои давлатии Тоҷикистон иваз мешавад. Мутахассисони ширкати "Телерадиоком" инро як гоми пештар ба сӯи пахши комили барномаҳои рақамӣ унвон мекунанд. Вале барои бинандагони телевизионҳои кишвар, ки аз моҳвора тамошо мекунанд, дарёфти ин шабакаҳо мушкил хоҳад гашт. Агар баъзе аз тамошобинон маҷбур шаванд, ки база ё мавҷгири моҳвораии телевизиони худро иваз кунанд, баъзеҳоро лозим меояд, то асбоб ё таҷиҳзоти махсус харидорӣ намояд.

Дар ҳоли ҳозир тақрибан аз нисф зиёди аҳолии Тоҷикистон, хусусан сокиноне, ки дар манзилҳои бисёрошёна ба сар мебаранд, аз тариқи моҳвора шабакаҳоро тамошо мекунанд.

Хуршед Ҳабибов, муовини аввали раиси ширкати "Телерадиоком"-и Кумитаи радио ва телевизони Тоҷикистон гуфт, "ҳадафи мо ҳар чӣ пештар расидан ба пахши пурраи рақамӣ дар сартосари кишвар аст."

Вай афзуд, "шурӯъ аз 6-уми феврал сокинони кишвар шабакаҳои телевизони давлатиро рӯи мавҷи ба истилоҳ "Digital Video Brodcasting Satellite 2", яъне рӯи моҳвораи пахши рақамии наворҳо тамошо хоҳанд кард."

Яъне сар аз 6-уми феврал амвоҷи пахши намоишҳо тағйир карда ба 12690 MHz
кӯчидааст ва формати онҳо DVB-S2/MPEG 4 шуд, ки сифати беҳтари намоишро кафолат медиҳад. Вале пурсида мешавад, барои тамошои барномаҳо рӯи ин шароити ҷадид бинандаи телевизион чӣ кореро анҷом диҳад ё ин дигаргунӣ зарурат ба ҳеҷ амалеро надорад?

Хуршед Ҳабибов

Хуршед Ҳабибов

Хуршед Ҳабибов, муовини аввали раиси "Телерадиоком" мегӯяд: "Ҳамон базаҳо ё сателитҳои моҳвораии мардум, ки тавони қабули стандарти DVBS-2-ро надорад, бояд ҳатман иваз кунанд. Баъд барои ин сетбокс лозим меояд ва сетбоксҳо дар бозорҳои мо ёфт мешаванд. Нархи онҳо чандон гарон нест. Масалан, истеҳсоли чинӣ ҳудуди 30-40 доллар мебошад."

Вақте мо ба фурӯшгоҳи марказии пойтахт, ба қисмати фурӯши сатилитҳо омадем, як фурӯшанда гуфт, феълан дар Тоҷикистон сатeлитҳое, ки стандарти DVBS-2-ро қабул кунанд, хеле кам аст ва нархи он на камтар аз 100 доллар мебошад.

Шаҳло Акобирова

Шаҳло Акобирова

Раиси созмони ғайридавлатии "Хома" Шаҳло Акобирова мегӯяд, раванди рақамӣ шудани шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон чандон шаффоф ва рӯшан сурат намегирад. Ҳоло танҳо чаҳор шабакаи давлатӣ шомил шудаанд, вале дар бораи телевизониҳои хусусӣ ҳеҷ ҳарфе зада намешавад.

Хонум Акобирова меафзояд, сарфи назар аз ин ҳама бояд сифату шаклу мӯҳтавои барномаҳо беҳтар карда шаванд: "Аммо масъалаи дигар ин аст, ки чӣ маводе шабакаҳои телевизионҳои давлатии Тоҷикистон пешинҳод мекунанд ва бо чӣ намоишу барномаҳо 24 соати эфир пур карда мешавад? Инҳо аз масъалаҳои умдае ҳастанд, ки бояд масъулони телевизион сари он фикр кунанд."

Дар зимн, солҳои ахир дар робита ба сифату мӯҳтаво ва мавзӯъҳое, ки шабакаҳои телевизонӣ дар Тоҷикистон пӯшиш медиҳанд, тақиқоте анҷом дода нашудааст. Бозрасие низ сурат нагирифтааст, ки шумораи бинандагони ин шабакаҳоро маълум кунад.

Танҳо дар соли 2006 созмони ғайридавлатии "Хома" як таҳқиқот анҷом дода ва маълум мешавад, ки аз нисф зиёди аҳолии Тоҷикистон аз тариқи моҳвора шабакаҳои телевизонии ҷаҳонро дунбол мекардаанд.

Фазлиддин Асозода

Фазлиддин Асозода

Рӯзноманигори тоҷик Фазлиддин Асозода мегӯяд, агар масъулони ин чаҳор шабакаи телевизони Тоҷикистон, ки аз тариқи моҳвора барномаҳои худро пахш мекунанд, барномаҳои якрангу дилгиркунандаи худро тағйир надиҳанд, пахши барномаҳо дар моҳвораи рақамӣ бинандагони онҳоро бештар нахоҳад кард.

Ба қавли ҷаноби Асозода, ҳоло ба сурати умум шабакаҳои телевизони Тоҷикистон ба як минбари таърифу тавсиф ва тамаллуқи шахси президент табдил ёфтааст, ки дар яке аз ҷаласаҳои ҳукуматӣ Эмомалӣ Раҳмон низ ба масъулони телевизиони Тоҷикистон таъкид кард, ки аз пахши такрорӣ ва ситоишномаҳои президент худдорӣ карда шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG