Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меркел дар муқобили Эрон Чинро ба кӯмак хост


Сарвазири Олмон, Ангела Меркел, аз Чин давъват кард, Эронро ба шаффофияти бештар дар барномаи ҳастаияш моил намояд. Дар дидор бо раисиҷумҳури Чин, Ҳу Ҷинтао ва сарвазири ин кишвар Вен Ҷябао, Меркел таҳримҳои нави зидди Эронро баррасӣ кард.

"Ман даъват мекунам, агар Аврупо ба Эрон таҳрим эълон кардааст, Чин бояд бо истифода аз таъсири худ ба Эрон бигӯяд, ки мо ба як қудрати дигари ҳастаӣ ниёз надорем ва роҳ ҳам нахоҳем дод.”

Эрон пойфишорӣ мекунад, ки барномаи ҳастаии он ғайринизомист, аммо оҷонси нерӯи ҳастаии Созмони Милал моҳи ноябр гуфт, ин барнома зоҳиран нишонаҳои низомӣ низ доштааст.
XS
SM
MD
LG