Пайвандҳои дастрасӣ

Ташдиди амният дар Сурия дар солгари қатлиоми Ҳама


Фаъолони мухолифи Сурия мегӯянд, нерӯҳои давлат дар минтақаҳои доғи кишвар мустақар шудаанд, то аз маъракаҳои 30-юмитн солгарди қатли ом дар вилояти марказии Ҳама пешгирӣ кунанд. Бино бар хабарҳо, маъмурони амниятӣ дар Ҳама даҳҳо нафарро ба ҳабс гирифтаанд. Дар ошӯбҳои сӣ сол пеши Ҳама, ки 2-юми феврали соли 1982 оғоз ёфта, як моҳ давом кардаанд, аз 10 то 40 000 нафар кушта шудаанд. Ҳофиз Асад, падари раисиҷумҳури ҳозира ин ошӯбро ҳамчун шӯриши тундравони исломӣ ба хун нишонда буд. Мухолифон дар солгарди ин рӯйдодҳо коршикании умумӣ эълон кардаанд. Тазоҳуркунандагон дар манотиқи дигари Сурия низ гуфтаанд, мехоҳанд, ин солгардро қайд кунанд. Дар саркӯби ошӯбҳои нав зидди раисиҷумҳур Башор Асад, сар аз моҳи марти соли гузашта зиёда 6 000 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG