Пайвандҳои дастрасӣ

“Эйр Остона” ба 1 миллиард доллар ҳавопаймо мехарад


Питер Фостер раиси ширкати саҳҳомии “Эйр Остона”

Питер Фостер раиси ширкати саҳҳомии “Эйр Остона”

Ширкати пешгоми ҳавонавардии Қазоқистон “Эйр Остона” мегӯяд, дастури бунёди 15 ҳавопаймои навро додааст, ки ҷамъан зиёда аз 1 миллиард доллар мешавад. Ширкат дар ҳоли ҳозир 26 ҳавопаймо дорад. Раиси он Питер Фостер рӯзи панҷшанбе дар Остона гуфт, шаш ҳавопаймои Эйрбас, чаҳор “Боинг 767”, се “Боинги 787”-и дримлайнер ва ду “Эмбрайер”-и Бразилӣ харидорӣ хоҳад кард. “Эйр Остона”, ки 51 дарсади саҳмияҳояш моли Қазоқистон ва 49 дарсад моли Бритониёст, 80 дарсади парвозҳои дохилӣ ва байнулмилалии Қазоқистонро анҷом медиҳад.
XS
SM
MD
LG