Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳ сарвазири Покистонро ба таҳқир айбдор мекунад


Cарвазири Покистон Юсуф Ризо Гелонӣ

Cарвазири Покистон Юсуф Ризо Гелонӣ

Додгоҳи Олии Покистон сарвазири ин кишвар Юсуф Ризо Гелониро барои беамалӣ дар дигарбора боз кардани парвандаи фасод зидди раисиҷумҳур Осаф Алӣ Зардорӣ ба таҳқир айбдор мекунад. Додгоҳ рӯзи панҷшанбе гуфт, ки мурофиаи Гелонӣ 13-уми феврал баргузор мешавад. Дар ҳоли исботи ин иттиҳом ба сарвазир шаш моҳи ҳабс ва маҳрумият аз кори идорӣ таҳдид мекунад. Ҳукумати Гелонӣ аз иҷрои дастури додгоҳ барои муроҷиат ба Швейтсария бо мақсади дубора боз кардани парвандаи фасоди солҳои 1990-и Зардорӣ саркашӣ карда ва гуфтааст, президент ҳангоми иҷрои вазифааш аз дахлнопазирӣ бархӯрдор аст.
XS
SM
MD
LG