Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раиси Иттифоқи рассомон ба сирқат айбдор мешавад


Сӯҳроб Қурбонов

Сӯҳроб Қурбонов

Оҷонси зидди фасоди Тоҷикистон парвандаи фурӯши бинои Иттиҳодияи наққошонро, ки бино бар он раиси пешини иттифоқ Сӯҳроб Қурбонов онро даҳ баробар арзонтар харидорӣ кардааст, ба додгоҳ фиристод. Раиси оҷонс Фаттоҳ Саидов ба хабарнигорон гуфт, дар ҳоле ки бино 790 000 доллар арзиш дошт, ба 63 000 доллар фурӯхта шудааст. Рассом Сӯҳроб Қурбонов ин иттиҳомотро рад мекунад ва мегӯяд, муассисаи воҳиди нархгузории Тоҷикистон биноро 74000 доллар нарх гузошта буд. Вай бар ин аст, ки парвандаи мазкур бо ташаббуси ҳампешагонаш роҳандозӣ шудааст. Ҷаноби Қурбонов чанде пеш зимни иттиҳоми баргузории ғайриқонунии анҷумани рассомон пас аз 30 соли сарварӣ мақоми раиси иттиҳодияро тарк кард.
XS
SM
MD
LG