Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Миср ба хотири қурбониёни ошӯби мухлисони футбол се рӯз мотами миллӣ эълон шудааст.

Сарвазири Миср Камол ал-Ҷанзурӣ ҳокими шаҳри Порт Саид, раиси амнияти он ва раиси федератсиюни футболи кишварашро баъд аз ҳалокати 74 нафар дар ошӯбҳои марбут ба бозии футбол аз мақомашон барканор кард.

Шӯрои федератсиюни футбол низ пароканда эълон шуд. Раиси Шӯрои ҳарбии ҳокими Миср, фелд-маршал Ҳусейн Тантовӣ дар паёме ба мардуми Миср аз ҳалокати одамон изҳори таассуф кард ва гуфт: “Ман ба таҳқиқи фаврии воқеа дастур додам. Додситони кул ҳоло ин вазъи таассуфборро, ки мардуми Мисрро дар мотам нишондааст, пажӯҳиш мекунад.”

Ошӯби мухлисон дар шаҳри Порт-Саид бадтарин хушунати марбут ба варзиш дар таърихи Миср ва хунинтарин даргирии мухлисони футбол аз соли 1996 ба ин сӯ будааст.

Зепп Блаттер, раҳбари Федератсиюни байнулмилалии футбол (FIFA) низ ошӯби мухлисон ва кушта шудани даҳҳо нафар дар пайи бозии футбол дар Порт-Саидро "рӯзи сиёҳи футбол" номид. Ӯ илова кард, ки аз ин ҳодиса бисёр "шигифтзада ва мутаассуф" аст.

Дар ҷараёни ошӯби мухлисон баъди як бозии футбол дар шаҳри Порт-Саиди Миср камаш 74 кас, бо шумули чанд афсари амниятӣ кушта ва то 1000 тани дигар захмӣ шудаанд.

Хушунат чанд лаҳза баъд аз хатми бозии тими “Ал-Масрӣ”-и Порт-Саид бо “Ал-Аҳлӣ” оғоз ёфт, ки иттифоқан бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи тими Порт-Саид анҷом ёфта буд.

Мухлисони футболи Қоҳираро бо қатори махсус ва футболбозони дастаи "Ал-Аҳлӣ"-ро, ки ду нафари онҳо низ сахт маҷрӯҳ шудаанд, дар ҳавопаймои низомӣ ба пойтахти Миср оварданд.

Наворҳои зиндаи телевизион ҳокист, ки мухлисон баробари анҷом ёфтани бозӣ ба майдон рехта, ба таъқиби футболбозони “Ал-Аҳлӣ” пардохтанд. Дар Қоҳира ҳам, баъди лағви бозии футбол мухлисони хашмгин варзишгоҳро ба оташ кашидаанд. Федератсиюни футболи Миср ба дунбол бозиҳои лигаи олиро комилан лағв кард.

Шӯрои ҳарбӣ ё низомии Миср, ки қудратро дар даст дорад, раҳбари Порт-Саид Муҳаммад Абдуллоро низ аз мақомаш барканор кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG