Пайвандҳои дастрасӣ

Орду равған арзон шуд, чою биринҷ гаронтар


Бозори "Шоҳмансур"-и шаҳри Душанбе (Акс аз бойгонӣ)

Бозори "Шоҳмансур"-и шаҳри Душанбе (Акс аз бойгонӣ)

Хадамоти зиддимонополӣ талош дорад, то нархи орду равған, гази моеъ, бензин ва шакарро танзим кунад.

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфт, дар моҳи январи соли ҷорӣ қимати орди воридотӣ аз Қазоқистон дуним, орди ватанӣ 2, равғани растанӣ 2, шакар 1,5 ва гӯшти гов 1,3 дарсад коҳиш ёфтааст.

Ба гуфтаи масъулони ин вазорат, аммо қимати чою биринҷ боло рафта, нархи шир бетағйир боқӣ мондааст.

Бо вуҷуди ин, мардум аз ин поёнравии нархҳо чандон хушнуд нестанд. Зеро мегӯянд, ҳанӯз ҳам моҳонаи онҳо барои пур кардани сабади истеъмолӣ камӣ мекунад.

Холида Бобокалонова, сокини шаҳри Душанбе бештар аз 500 сомонӣ моҳона ё маош мегирад. Вай, ки бо духтараш зиндагӣ мекунад, гуфт, ки бидуни кӯмаки хешовандон зиндагиро саришта карда наметавонад.

Ӯ гуфт, "хароҷоти аслии ман харҷи нақлиёт ва хариди нон аст. Имкони хариди орду пӯхтани нонро надорам. Ғизои аслии мо ош, шӯрбо, лағмон аст, ки аслан шомгоҳӣ дуруст мешавад. Рӯзона ман барои ғизо дар ҷои кор аз даҳ то 15 сомонӣ масраф мекунам. Моҳе, ки меҳмон биёяд, хароҷот зиёдтар мешавад."

Ин дар ҳолест, ки давлати Тоҷикистон меъёри сабади истеъмолиро дар моҳ 120 сомонӣ барои як нафар таъйин кардааст. Дар ҳоле ки моҳонаи ҳадди ақал 80 сомонӣ буда, ҳаҷми сабади истеъмолии воқеӣ дар соли гузашта 248 сомониро ташкил дод.

Ҳамдам Тағоймуродов

Ҳамдам Тағоймуродов

Бино ба омори расмии давлати Тоҷикистон, ҳудуди 70 дарсади мардум дар ҷумҳурӣ аз 80 то 280 сомонӣ моҳона ё музд мегиранд. Ин манбаъ мегӯяд, дар ҷумуҳрӣ ҳудуди як миллион хонавода ба сар мебарад, ки аз панҷ то ҳафт нафарро ташкил медиҳад. Шумори одамон дар бархе аз хонаводаҳо ба даҳ нафар ва аз ин ҳам бештар мерасад. Агар дар як хонавода ҳафт нафар бошад, бар асоси сабади воқеии истеъмолӣ ки 248 сомониро ташкил медиҳад, ин хонавода танҳо барои ғизо бояд дар моҳ 1736 сомонӣ харҷ кунад.

​Ба далели ҳамасола болоравии қимати маводи ғизоӣ, Хадамоти зидди инҳисорӣ ё зидди монополии Тоҷикистон лоиҳаи низомнома дар бораи ташаккули нархи молу маҳсулоти ниёзи аввалияро дар мувофиқа бо вазоратҳои марбута тарҳрезӣ карда, барои тасвиб ба ҳукумат пешниҳод кардааст. Ин низомнома танзими нархи орду гандум, равғани растанӣ, гази моеъ, бензин, шакар ва ғайраро дар бар дорад.

Ҳамдам Тағоймуродов, раиси Хадамоти зидди инҳисории Тоҷикистон, ҳадаф аз таҳияи ин низомномаро ҷилвагирӣ аз ҷаҳиши нархи маводи ниёзи аввалия дар бозор ва ба таври сунъӣ боло бурдани қимати он аз сӯи тоҷирон арзёбӣ кард. Аммо бисёре аз тоҷирон ва коршиносон ин иқдоми Хадамоти зидди инҳисориро дахолат ба бозори озод хондаанд.

Нозим Эшонқулов

Нозим Эшонқулов

Нозим Эшонқулов, коршиноси Маркази пажӯҳиши бозори озод дар Тоҷикистон мегӯяд, ин иқдом аз як тараф аз сӯи давлат накӯкорона ба чашм хӯрад, аз сӯи дигар дахолат ба бозори озод аст, ки он метавонад боиси камчинии ин ҳашт маҳсулот дар бозорҳо шавад.
Вай гуфт, "ҳукумат борҳо нархи гӯштро таъйин кард, аз ин таъйинот гӯшт камчин шуду дар ҳар як килои он, ки 27 сомонӣ аст, 200 грамм чарбу ва устухон бештар шуд. Хостанд нархи бензинро поён биёранд, муваффақ нашуданд."

Ҷаноби Эшонқулов илова кард, "агар давлат бихоҳад, ки нархро танзим кунаду ба болоравӣ роҳ надиҳад, бояд теъдоди андозҳоро ба маротиб кам кунаду пардохтҳои гумрукиро коҳиш диҳад."

Тоҷирон низ аз иқдоми Хадамоти зидди инҳисорӣ норозиянд. Ба гуфтаи онҳо давлат бо ин роҳ мехоҳад ҳисобу китоби тоҷиронро зери назорат бигирад. Дар ҳоле ки механизми иҷрои ин низомнома норӯшан аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG