Пайвандҳои дастрасӣ

Шумори кушташудаҳо дар Порт-Саид ба 74 расид


Дар ҷараёни ошӯби мухлисон баъди як бозии футбол дар шаҳри Порт-Саиди Миср дастикам 74 кас, бо шумули чанд афсари амниятӣ, кушта ва то 1000 тани дигар захмӣ шудаанд. Хушунат чанд лаҳза баъд аз хатми бозии тими “Ал-Масрӣ”-и Порт-Саид бо “Ал-Аҳлӣ” оғоз ёфт, ки иттифоқан бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи тими Порт-Саид анҷом ёфта буд. Наворҳои зиндаи телевизион ҳокист, ки мухлисон ба муҷарради анҷоми бозӣ ба майдон рехта, ба таъқиби футболбозони “Ал-Аҳлӣ” пардохтанд. Дар Қоҳира ҳам, баъди лағви бозии футбол мухлисони хашмгин варзишгоҳро ба оташ кашидаанд. Федеросиюни футболи Миср ба дунбол бозиҳои лигаи олиро комилан лағв кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG