Пайвандҳои дастрасӣ

Чатри Покистон то ҳол болои сари Толибон аст?


Як гузориши НАТО, ки дар расонаҳо нашр шуд, мегӯяд, хадамоти махфии Покистон ба ҳамалоти мустақими Толибон алайҳи нирӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон кумак мекунанд. BBC ва нашрияи "The Times", чопи Лондон, ба нақл аз ин гузориш навиштаанд, ки Хадамотиҷосусии Покистон – ISI – дар муқовимати чирикиҳо дар Афғонистон “аз наздик дахил” аст. Ин санад гумон мебарад, ки Покистон макони раҳбарони Толибонро медонад ва дасткориаш аз сарони аршади ин ҷунбиш ба сурати пешин идома дорад. Исломобод ин гузоришро “бемаъно” номид ва гуфт, ба асли адами дахолат дар Афғонистон пойбанд аст.
XS
SM
MD
LG