Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Facebook” саҳмияҳояшро ба фурӯш мегузорад


Пурмуштаритарин шабакаи иҷтимоии Интернет – “Facebook” ҷиҳати ба фурӯш гузоштани саҳмияҳояш ба маблағи 5 миллиард доллар дархост пур кардааст. Таҳлилгарон пешбинӣ мекунанд, ки “Facebook” бо чунин пешниҳоди дар таърихи ширкатҳои фанноварии Амрико бузургтарин “Google”-ро, ки дар соли 2004 бо фурӯши саҳмияҳояш ба маблағи “ҳамагӣ” 1,9 миллиард доллар вориди бозор шуда буд, ба осонӣ “ба як нӯл” хоҳад зад. Шумори корбарони “Facebook” дар ҳоли ҳозир беш аз 800 миллион нафар баровард мешавад. Ин шабакаи иҷтимоӣ дар нашри ахбори эътирозҳои “Баҳор Араб” низ нақши муҳим бозӣ кард.
XS
SM
MD
LG