Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Ҳотамбоев дар мавриди пойгоҳи Манас


Алмосбек Ҳотамбоев
Алмосбек Ҳотамбоев
Раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Ҳотамбоев сафири Амрико Памела Сплатенро ёдрас кардааст, ки замони иҷораи пойгоҳи ҳавоии Манас дар канори Бишкек соли 2014 ба поён мерасад. Ин ҳушдор дар ҳолест, ки эътирози серӯзаи даҳҳо нафар дар рӯбарӯи сафорати Амрико алайҳи ҳузури пойгоҳи низомиаш дар Қирғизистон анҷом ёфт. Амрико аз поёни соли 2001 аз пойгоҳи Манас ба хотири таъмини нирӯҳояш дар Афғонистон истифода мебарад. Ҳотамбоев мехоҳад, ки ин пойгоҳ баъди хуруҷи нирӯҳои Амрико дар соли 2014 ба як маркази байналмилалии транзит табдил дода шавад.
XS
SM
MD
LG