Пайвандҳои дастрасӣ

73 кушта дар ошӯби мухлисон дар Порт-Саиди Миср


Фирори тими "Ал-Аҳлӣ" аз таъқиби мухлисон

Фирори тими "Ал-Аҳлӣ" аз таъқиби мухлисон

Телевизиони давлатии Миср гуфт, дар ошӯбе ки рӯзи чоршанбе баъди як бозии футбол дар шаҳри Порт-Саид бархост, дастикам 73 кас кушта ва то 100 тани дигар захмӣ шудаанд. Бовар меравад, ки дар ин ошӯб афсарони амниятӣ ҳам ҷон бохтаанд. Ба гуфтаи табибон, бархе аз зарби корд ҳалок шудаанд. Хушунат чанд лаҳза баъд аз хатми бозии тими “Ал-Масрӣ”-и Порт-Саид бо “Ал-Аҳлӣ”, аз комёбтарин тимҳои футболи Миср, ва пирӯзии "Ал-Масрӣ" дар ин рақобат бо натиҷаи 3:1 оғоз ёфт. Наворҳои зиндаи телевизион ҳокист, ки мухлисон ба майдон рехта, ба таъқиби футболбозони “Ал-Аҳлӣ” пардохтанд. Дар Қоҳира, баъди он ки мақомот дар пайи ошӯби Порт-Саид бозии футболро лағв карданд, мухлисони хашмгин бахшҳое аз варзишгоҳи шаҳрро ба оташ кашиданд. Федеросиюни футболи Миср ба дунбол бозиҳои лигаи олиро комилан лағв кард.
XS
SM
MD
LG